РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин мулоқот намуд

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» таҳти роҳбарии директори Департаменти байналмилалии нашрияи «Жэнмин жибао» хонум Ма Сяонин мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин мамлакати дӯст, ҳамҷавор ва яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар замони тағйирёбии геополитикии ҷаҳон шарикии Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳо намунаи барҷастаи муносибатҳои байни ҳарду мамлакат ба шумор меравад.

«Таърихи муносибот байни мамлакатҳои мо бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда буда, мавқеи Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамсон аст. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»,- афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Дар мулоқот иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки дар шароити феълии ҷаҳони муосир ва равандҳои нигаронкунандаи он, бинобар таҳдиду хатарҳои мавҷуда, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо дар чаҳорчӯби «Осиёи Марказӣ-Чин» аҳамияти муҳим дорад.

Барои рушд ва тақвияти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ байни ду ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаву барномаҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки намунаи равшани он лоиҳаи «Як камарбанд-як роҳ» аст, ки дар масири нави ҳамкориҳо самаранокии худро нишон дода, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон судманд мебошад.

Абдуҷаббор Азизӣ афзуд, ки тайи солҳои охир муносибатҳои дуҷониба байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушду тавсеа ёфта истодааст. Махсус ҳамкориҳо дар самти табодули таҷрибаомӯзии кормандони ҳизбӣ ва занону ҷавонон дар сатҳи матлуб ҷараён дорад.

Иштирок дар чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла машварату конференсияҳо ва нишасту мизҳои мудаввар хусусияти доимӣ касб намуда, ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамкориҳо байни нашрияҳои ҳизбии ду мамлакат-нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — «Минбари халқ» ва нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин «Жэнмин жибао» тақвият меёбанд, ки боиси қаноатмандист.

Дар интиҳо таъкид гардид, ки дар оянда дар доираи санадҳои баимзорасонидаи тарафҳо тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram