РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлатии кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки ин маҷмааи биноҳои бо дастгирии муҳтарам Си Ҷинпин бунёд гардида, дӯстии пойдор, рӯҳияи рафоқат ва муносибатҳои неки ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чинро инъикос мекунад.

Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгириҳои доимӣ аз раванди рушду пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва саҳми муассир дар бунёди маҷмааи биноҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии биноҳои боҳашамати Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди хотирмони таърихӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми ҳамсоякишвари бузург барои ин кумаки пурарзиши беғаразона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

Сипас, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бо шароити корӣ дар бинои Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд.

Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Дар рафти сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ бунёд гардид. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст.

Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудааст. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо шароити бинои Парлумон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кори босифати бинокорон баҳои баланд доданд.

Биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи муносибатҳои судманду самимии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бунёду ба истифода дода шуд, метавон намунаи олии ҳамкории ду кишвар номид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram