РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Себзор» бомаром идома дорад

Ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, имрӯз 8 июли соли равон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафари корӣ анҷом дод. Нахуст, дар доираи ин сафар раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Себзор» дидан намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати кунунӣ кор дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бунёди бинои мошинҳо, сарбанд ва хобондани қубурҳои фишордиҳанда бо сурати баланд идома дорад. Дар умум дар ин ҷо қариб 500 нафар дар ду баст кор мекунанд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба масъулини сохтмон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти муҳими гидроэнергетикӣ дастурҳои муфид доданд.

Ёдовар мешавем, ки Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Ҳукумати Олмон сохта мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram