РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд

Хаштуми июл дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот анҷом дод.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рушди ҳамкориҳоро дар сатҳи минтақаҳо ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия унвон намуд.

Дар ин замина ба густариши самараноки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон — яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Русия изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ байни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд.

Дар мулоқот соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳиву металлургӣ, нафту газ, кимиё, саноати сабуку хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба имконоту зарфиятҳои зиёди истифода нашуда барои афзоиши тиҷорати мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок ибрози назар намуданд,

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо омодагии амиқи худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ва тандурустӣ баён доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram