Ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон расонида мешавад, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба хотири таҳияи филмҳои гуногунжанр, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо 29-уми июли соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоиро баргузор менамояд.
Лоиҳаҳои синамоӣ барои филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ ба таври айёнӣ (слайд-шоу) рӯнамоӣ ва муаррифӣ мегарданд.
Дар раванди баргузории Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ продюссерон, намояндагони ширкатҳои филмбардорӣ ва шабакаҳои телевизион, ки хоҳиши филмофарӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Лоиҳаҳои синамоӣ то 28-уми июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кӯчаи Беҳзод, 25, шуъбаи умумӣ, ошёнаи дуюм қабул карда мешаванд.