Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корпоратсияи хитойии “China Datang” дар Осиёи Марказӣ Ван Хао мулоқот намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилоят доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард. Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 млн. доллари ИМА баробар гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корпоратсияи “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин аст.
Ширкат дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя низ истеҳсоли батареяҳои офтобиро ба роҳ монда, «энергияи сабз» истеҳсол менамояд. Ширкат нақша дорад, ки дар вилояти Суғд низ нерӯгоҳи офтобиро ташкил карда, то 500 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол намояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли «энергияи сабз» изҳор дошт.