14 июл Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд.