Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд бунёд ва ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагӣ санги асос гузошта, дар сӯҳбат бо кормандони соҳаи тиб изҳор дошт, ки бинои нав барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд.
Қайд карда шуд, ки иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.
Фароҳамсозии шароити мусоид барои табибон имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд.
Кормандони марказ аз чунин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки беҳтаршавии шароити корӣ ба раванди ташхису табобат таъсири мусбии худро мерасонад.
Сипас, Раиси вилоят сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Ин иншоот низ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 6 ошёна иборат аст.
Бинои нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад.
Тавре маълум гардид, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои босифат ва сари вақт иҷро намудани корҳо сохтмончиён машғули кор мебошанд. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд.
Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.