РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол баррасӣ шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи мутахассисони чиниро бо роҳбарии Чэн Хэ, президенти институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодааст.

Соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самҳоти авлавиятнок дар робитаҳои ду кишвар арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо низ масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 км мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Изҳор гардид, ки бунёди роҳи оҳан дар хатсайрҳои зикршуда барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим буда, дар сурати бунёду мавриди истифода қарор гирифтан роҳи оҳан ба рушди иқтисод мусоидат хоҳад кард.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки нахуст мутахассисону муҳандисон ва лоиҳакашон корҳои омӯзиширо гузаронанд ва сипас аз рӯи натиҷаҳои омӯзишу баррасиҳо барои бунёди роҳи оҳан тасмим гирифта хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram