РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилаии «STEM» соҳиби 5 ҷойи сеюм гардиданд

Хонандагони тоҷик дар 4-умин Олимпиадаи байналмилаии «STEM», ки аз 10 то 16 июл дар шаҳри Гааги шоҳигарии Ҳоланд баргузор гардид, соҳиби 5 ҷойи III (3 ҷой аз фанни математика ва 2 ҷой аз фанни табиатшиносӣ) гардиданд. Дар ин хусус аз Маркази ҷумҳуриявии рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиада аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардида, дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 8 нафар хонанда аз Муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоиии ин олимпиада зиёда 700 нафар иштирокчӣ аз 30 давлати дунё байни ҳам рақобат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даврҳои интихобии олимпиадаи мазкур 22 ҳазор хонанда аз 1350 муассиса аз 107 давлати дунё иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram