РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур, ки 11-12 июл баргузор шуд, Рӯзи фарҳангҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги миллӣ ташкил гардид.

Дар гӯшаи Тоҷикистон либосҳои миллӣ ва китобҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо якчанд забон тарҷума ва нашр шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуда, ба иштирокдорони чорабинӣ оид ба таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик маълумот пешниҳод гардид.

Бахтовар Сафарзода дар доираи чорабинӣ, дар мулоқоти вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори «Барои сулҳ ва бунёдкорӣ» дар мавзуи «Муколамаи фарҳангҳо-омили ягонагии халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» сухан намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram