16 июли соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус генерал-лейтенанти милитсия Кубраков Иван Владимирович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамтои худ генерал-лейтенанти милитсия Иван Кубраков ва ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорусро барои ташрифашон ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хушомадед гуфта, баргузории ин вохӯриро барои пешрафту самаранок гардидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, инчунин мубодилаи таҷриба, иттилоот ва дар ҳамбастагӣ муқовимат намудан ба хатарҳои замони мусоир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ Протокол оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо ба имзо расид.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамкорӣ анҷом пазируфт