РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: То 6 сентябри соли 2024 ҳамарӯза чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 16 июл то 6 сентябри соли 2024 баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Вақти чорабинҳои фарҳангӣ аз соати 19:00 то соати 21:00 муқаррар гардидааст. Сокинон метавонанд ҳамарӯза дар чорабиниҳои иштирок ва ҳаловат бубаранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram