РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф тақвият медиҳанд

Масъалаи таҳкими ҳамкории Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо муассисаҳои такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин 17 июл зимни вохӯрии  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Мусоҳибон дар суҳбат масъалаи дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории ду давлатро дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор доданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадами педагогии кормандони соҳаи маориф ва ҷалби ҷавонон ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин  тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram