РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор шуд

19 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаждаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таҳти ҳамраисии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Скляр Роман Василъевич баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, меҳнат ва муҳоҷират, иқтисоди рақамию сабз, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бо ҷалби сармоягузорони қазоқӣ ба мувофиқа расиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 668,9 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 109,2 млн.доллар ё 19,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2 фоиз ҷои 3-юмро ишғол мекунад.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 90 ширкат бо саҳми сармояи қазоқистонӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, алоқа ва хизматраснӣ фаъолият менамоянд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram