19 июли соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Тошканд) Муҳаммад Мунир-ул-Исломро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.