23 июли соли 2024 дар доираи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии морхӯр” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорбинии канорӣ дар мавзуи «Ҳифзи #морхӯр: Стратегияҳо ва таҷрибаҳои самаранок» баргузор гардида, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар сессияи панелии он иштирок намуданд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.
Чорбинӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ташкил шуда, ҳадафи он дар якҷоягӣ бо ҷонибҳои манфиатдор барраси намудани масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ, такмил додани амалҳо барои ҳифзи морхӯр ва муҳити зисти он, бо тамаркуз ба аҳаммияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, ироаи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, инчунин сафарбар кардани кумак барои тадбирҳои ҳифзи морхӯр иборат буд.
Қобили қайд аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва роҳбари Дафтари Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар Ню-Йорк кушода шуда, дар он намояндагони кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Зимни баромад раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аҳаммияти қабули қатъномаи “Рӯзи байналмилалии морхӯр”-ро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии морхӯр”, ки ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид буд, таъкид кард.
Қайд гардид, ки сарфи назар аз мушкилот, Тоҷикистон тавассути таъсиси мамнӯъгоҳҳо, тадбирҳои мушаххас ва корҳои фаҳмондадиҳӣ саршумори морхӯрро аз 700 сар дар солҳои 1990-ум ба беш аз 6000 сар дар соли 2022 бомуваффақият афзоиш додааст.
Гузашта аз ин, раиси Кумита аз ҳозирин барои ширкат дар Нуҳумин Конфронси ҷаҳонӣ оид ба намудҳои нодири ҳайвоноти ҷуфтсум, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар ин зимн, таҷрибаи нодири кишвари мо дар самти ҳифз ва нигаҳдории морхӯр зикр шуда, даъват гардид, ки дар дигар кишварҳои ареали ин ҳайвони нотакрор истифода бурда шавад.