Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад. Масъалаи омодагӣ ба Саммит 23 июл дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Йоко Камикава баррасӣ шуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои дуҷонибаи Ҷопон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим иштирок намуд.