РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад

23 июли соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва меҳмонон аз рафти сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи М.Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Зимни боздид ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодааст.

Воқеан, соҳаи тандурустӣ таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин соҳа сол то сол рушд карда истодааст, ки ин метавонад барои боз ҳам беҳтар ва бо сифат анҷом додани хизматрасонӣ дар соҳаи тиб мусоидати амиқ пайдо намояд.

Зимни сӯҳбат, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо соҳибкори маҳаллӣ изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорон шароитҳои мусоид оварда шудааст ва мо низ бо хушнудӣ қайд менамоем, ки соҳибкорони шаҳру деҳоти Кӯлоб сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, баҳри татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланди ватандорӣ нишон дода истодаанд.

Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки иншооти мазкур тибқи талаботҳои замони муосир ва дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Дар навбати худ соҳибкори маҳаллӣ аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо соҳибкорон ҳамеша омадаем, ки дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳмгузор бошем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram