Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти зарурии равшанидиҳанда таъмин карда мешавад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар варзишгоҳ шинос гардида, ба масъулин барои татбиқи лоиҳа тавсияҳо дод. Қайд карда шуд, ки барои таъмини рӯшноӣ дар варзишгоҳ ва гузаронидани футбол дар вақти шабона тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, чароғу лавозимоти лозимӣ дастрас гардид.
Айни замон мутахассисон ба насби чароғу сутунпояҳо машғул буда, дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо ба анҷом расонида шавад.
Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.