Дар доираи «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2025» дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 1714 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки аз 251 корхонаи мавриди истифода қарордодашуда, ба шаҳри Душанбе 62, вилояти Хатлон 40, Суғд 91, шаҳру ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 39 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 адад корхона рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоятҳои Суғд 113,1 фоиз, Хатлон 110 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,4 фоиз таъмин гардидааст.