30 июли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ба Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз маросими тақдими эътимоднома суҳбати сафир бо Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар доир гардид. Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аълоҳазрат Амир Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ расонид.
Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои мухталиф ва табодули сафарҳо, аз ҷумла сафарҳои сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.