РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз 10 то 20 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ медиҳад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж — 2024 аз 10 то 20 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва бобарору варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтааст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж — 2024 ро бо мукофотпулӣ қадршиносӣ намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 000 доллари ИМА, ғолиби зинаи дуюм бо 15 000 доллари ИМА ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 000 доллари ИМА мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузоштаи онҳо замина мегузорад.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ғолиби ҷойи якум бо 300 000 сомонӣ, ғолиби мақоми дуюм бо 250 000 сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм бо 200 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram