РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кӯлоб масъалаи пешгирии фавти модару кӯдак баррасӣ гардид

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пешгирии фавти модару кӯдак  дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб бо роҳбарият ва кормандони муассиса вохӯрӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин барои бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Дармонгоҳи марказии вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб рафт. Зимнан бо ҷараёни сохтмони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ва Беморхонаи сироятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани ин иншоот сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон боз ҳам беҳтар мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram