РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шуниданд.

Ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ карда, талаб намуданд, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо дода, таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram