Чуноне, ки иттилоъ дода будем аз рӯзи сар задани офати табиӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим вазъият дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дода, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида корвони иборат аз 20 мошини пурбор кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шуд. Ин кумаки башардӯстонаи Пешвои мардумпарвару хирадманд, ки аз маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмони иборат аст, имрӯз ба ноҳияи Ишкошим расид.
Сокиноне, ки аз ҳодисаҳои офати табиӣ зарар диданд аз дастгирӣ ва ғамхории рӯзафзуни Роҳбари Олии мамлакат сипосгузор буда, зимни сӯҳбат бо раиси вилоят иброз доштанд, ки ҳар яки сокини сарбаланди ноҳияи Ишкошим ва умуман тамоми мардуми тоҷик бо чунин як Сарвари оқилу меҳрубон ва ғамхор ифтихор доранд. Раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитҳоро муҳайё намуда, 13 оилае, ки пурра хонаҳояшон вайрон гардиданд, имрӯз дар Истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа то сохтмони хонаҳои наву замонавӣ истиқомат мекунанд.
Дар Истироҳатгоҳ барои сокинон ҳамаи шароитҳо фароҳам гардида, маскунони ноҳияи Роштқалъа онҳоро бо як шукӯҳу шаҳомати бепоён пешвоз гирифтанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо сохтмони хонаҳо аз имрӯз оғоз гардиданд.