Кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ва Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар машварати илмӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон», ки 13 август дар Қазоқистон доир шуд, иштирок намуданд.
Тавре аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи машварат- муттаҳид намудани ҷонибҳои манфиатдор аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои муҳокимаи консепсияҳои калидӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои биологӣ, аз қабили истифодаи дуҷониба, арзёбии хатар, арзёбии амнияти киберӣ, бехатарии ҷисмонӣ ва нақлиёт ва банақшагирии ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Машварат иқтидори муассисаҳои иштироккунандаро барои риояи дастурҳои миллӣ оид ба ҳифзи маводи биологӣ, технологияҳо, инфрасохтор ва маълумоти таҳқиқотии онҳо тақвият медиҳад.