РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки то 27 август идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар ин давр 1121 довталаб иштирок менамояд. Дар ин хусус аз Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирии ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Имсол ба Нимзомномаи озмун тағйирот ворид гардид. Яъне, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои озмун ба шумор рафта, довталабон асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, барои бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон ин номинатсия ба 3 гурӯҳ ҷудо гардид:

«— гурӯҳи якум хонандагони синфҳои 1-4;

— гурӯҳи дуюм хонандагони синфҳои 5-8;

— гурӯҳи сеюм хонандагони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва
синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ».

Ҳадафи асосии баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram