22-23 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Дар назар аст, ки 22 август дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии Қазоқистон доир гардад.
Инчунин 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ пешниҳод мегардад.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ Рӯзҳои кинои Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ доир мегарданд.