РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад

22-23 август бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод.

Дар доираи сафар бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ доир мешавад.

Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд.

Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.

Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram