Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд.
Шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев соли 1845 ба дунё омадааст. Номи аслии Кунанбоев Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст. Ин тахаллус қазоқӣ буда, маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6 июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст.
Эҷодиёти Абай Кунанбоев чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.