Дар вилояти Хатлон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, ки довталаб аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср иштирок намуда истодаанд.
Гуфта шуд, ки ҳар баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳад. Дар озмун танҳо онҳое бояд ғолиб оянд, ки воқеан ҳам дониши баланду ҷаҳонбинии васеъ дошта, аз баҳри дурру гавҳари илми маонӣ бештар бархурдор бошанд. Танҳо таъмини адолат метавонад барои такмили маҳорат ва дониши довталабон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳабибулло Урунбоев,
Радиои “Фарҳанг”