Дар вилояти Хатлон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, ки довталаб аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср иштирок намуда истодаанд.
Имрӯз иштирокчиёни озмун аз шаҳри Норак ва ниҳояҳои Вахшу Хуросон маҳорат ва истеъдоди худро ба ҳакамон пешниҳод карданд.
Ба иштирокчиёни озмун тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ то 25 август идома меёбад.
Ҳабибулло Урунбоев,
Радиои “Фарҳанг”