26 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ифтитоҳ ёфт, ки дар он беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар фестивал аз Тоҷикистон Вазири фарҳанги мамлакат Матлубахон Сатториён ва бори аввал дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ ва узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок намуданд.
Ҳамчунин мусиқии суннатии тоҷикро дар ин фестивал ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб манзури иштирокчиён мегардонанд.
Ҳадафи фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.