РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир гардид

4 сентябри соли равон, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноибони президенти академия, роҳбарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва олимону кормандон иштирок доштанд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, сухани муқаддимавиро ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ доданд.

Мавсуф зимни суханронии хеш корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамаи мову шуморо мебояд дар пешрафти илми тоҷик дар дохил ва дар арсаи байналмилал саҳмгузор бошем, чун бараъло мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва аз ғамхориҳои пайвастаашон дар ин самт ҳамаамон баҳрамандем.

Ҳамзамон ҳозиринро ба ҷашни пуршукуҳи миллиамон Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, бори дигар аз давлати пояндаву парафшонии парчами ҳамешагии Тоҷикистони азиз ёдовар гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram