РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ҶДММ «Тоҷ-Агро» шинос шуданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муарифӣ карда шуд.

Бо бунёди 2 ҳавзи нави обсофкунӣ ва насби 3 пойгоҳи обкашию технологияи софкунандаи об имкон фароҳам шудааст, ки 50 гектар замин бо усули қатрагӣ обёрӣ шавад. Пешгирӣ аз сахтшавии қабати замин, дастрасии беҳтари растанӣ ба ғизо ва дигар омилҳо аз афзалияти асосии обёрии қатрагӣ ба ҳисоб меравад.

Имсол кишоварзони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» ба таври таҷрибавӣ дар майдони 1,5 гектар боғи интенсивӣ-таҷрибавии себ бунёд намудаанд, ки айни замон дар ҳолати хуби нашъу намо мебошад. Бо мукаммалшавии таҷриба оянда майдони боғҳои бо технологияи нав обёришаванда васеъ карда мешавад.

Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва дучандшавии талаботи аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ беҳсозии имкониятҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати расидан ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Солҳои 2023-2024 бо назардошти талаботи бозори истеъмолӣ дар майдони 17 гектар навъҳои бедонаи ангур дар асоси таҷрибаи муосир шинонида шудааст. Агар бо усули анъанавӣ дар майдони 1 гектар то 330 буттаи ангур ҷойгир карда мешуд, бо усули нав дар майдони 1 гектар зиёда аз 1300 бутта ҷойгир карда мешавад, ки аз чанд ҷиҳат афзалият дорад.

15 навъи ангури бедонаи хушсифати бозоргири ҷаҳонӣ аз хориҷ ворид карда шуда, баъди мутобиқгардонӣ ба иқлими Тоҷикистон дар ин ҷо шинонида шудааст. Ҳоло меҳнаткашони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” дар парвариши навъҳои ангури бедонаи дар асоси технологияи муосир парваришёбанда таҷриба пайдо кардаанд ва оянда нақша доранд, ки дар васеънамудани майдони чунин навъҳои токзор дар кишвар саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ҷалб намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» 150 нафар вобаста ба талабот ба корҳои мавсимию доимӣ ҷалб мешаванд.

Меҳнаткашон талош доранд ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир самаранокии заминро баланд бардоранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусию тропикӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Ҳоло парвариши ниҳолҳои дарахтони тропикӣ ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашон нақша доранд, ки тавассути мутобиқгардонӣ ба шароити иқлими Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли меваҳои тропикӣ, аз ҷумла манго, банан ва авакадоро таъмин намоянд.

Хоҷагӣ дар маҷмуъ дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 50 гектари онро токзор ташкил медиҳад.

Барои нигоҳдории ҳосили меваи боғу токзор дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд гардидааст.

Инчунин дар ҳудуди ҷамъият коргоҳи коркарди асал фаъолият мекунад.

Намунаи маҳсулоти дар хоҷагӣ парваришёбанда ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муарифӣ карда шуд.

Сарвари давлат хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, вобаста ба шароити дигаргуншавии иқлим ба роҳ мондани парвариши растаниҳо, ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram