РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна, 15 ҳуҷраи корӣ, китобхона, нуқтаи равзанаи ягона ва ҳуҷраҳои санитарии дихилию берунӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида шуда, дар он барои кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё гардидааст.

Равзанаи ягона барои қабули шаҳрвандон китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва ҳуҷраҳои санитарӣ бо насби таҷҳизоти муосир дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.

Роҳи мошингард аз шоҳроҳи асосӣ то бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба дарозии 104 метр мумфарш гардидааст.

Дохили бино бо насби овезаҳои муқаддасоти миллӣ ва дигар навиштаҷоти соҳавӣ ва атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ зебу зиннат дода шудааст.

Корҳои сохтмонии бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба итмом расидааст. Дар сохтмони иншоот масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардида, талаботи меъёрҳои стандартӣ тибқи лоиҳаи муқараргардида риоя шудааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо бинои нави маъмурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.

Бунёд гардидани чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасӣ пайдо намудани кормандони соҳа ба лавозимоти зарурӣ сатҳи хизматрасониро дигар намуда, дар пешбурди таъиноти нафақаи суғуртаи иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Аснои шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони соҳаро масъулияти баланд дар иҷрои кору хизматрасонӣ, садоқати меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини шаффофияти корбарӣ, такмили маҳорати касбӣ ва ба муносибату муоширати хуби корӣ бо мардум ҳидоят намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram