4 сентябри соли 2024 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари миллии комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон Иван Салеев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла раванди мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.