Бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз ҷумла, имрӯз соати 17:00 дар Боғи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 18:00 дар Боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешаванд.
Ҳамзамон пагоҳ, соати 18:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи идонаи бошукуҳ баргузор мегардад.
Барномаи тантанавии ҷашнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 8 сентябр, соати 18:30 дар Майдони Шаршараи пойтахт дар назар дошта шудааст.
Инчунин бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад. Зеро расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.