РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол-волотарин ва пурарзиштарин дарстоварди тоҷикон” ҳамоиш баргузор шуд

Имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол-волотарин ва пурарзиштарин дарстоварди тоҷикон” баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ А.Ибодуллозода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Расулиён Қаҳор – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷонибек Асрориён — доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Давлатшо Маҳмудов-муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ баромад намуда, маърӯзаҳои ҷолибе андар шинохт ва таърихи истиқлоли кишвар иброз доштанд

Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram