РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар «Тоҷикфилм» ҳамоиши идона баргузор гардид

6-уми сентябри соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳозиринро ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ, хушбахтӣ, иқболи нек ва барои Ватани азизамон сулҳ, субот ва ваҳдати ҷовидона таманно карда шуд.

Таъкид гардид, ки маҳз, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофу эътибор пайдо карда, дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробарро пайдо намуд ва пешниҳодҳои Тоҷикистон мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд.

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба қадри ин неъмати азизтарину бебаҳои ҳаёт расидан, ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Истиқлол — соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, шарафу номус, ватандориву меҳанпарастӣ, озодиву ободӣ, баробариву бародарӣ, ваҳдату ягонагиро тараннум менамояд.

Бо хушнудии зиёд иброз гардид, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамоянд.

Дар идома, кормандони фаъоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бу омукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram