РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Президенти кишвар зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Аштро таҳлилу баррасӣ намуда, барои иҷрои корҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми се соли охир дар ноҳияи Ашт 850 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат саҳми мардум, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсти Аштро дар самти дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар махсус таъкид намуда, иброз доштанд, ки танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳия 20 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар онҳо зиёда аз ҳазор нафар сокинони ноҳия бо кор таъмин гардиданд ва шароити зиндагиашонро беҳтар намуданд.

Ба таҷрибаи намунавии деҳқонони ноҳияи Ашт дар истифодаи заминҳои шӯр ва бунёди боғҳои хуч баҳои баланд дода шуд.

Зикр карда шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои бунёдгардида боиси ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани занону бонувони ин ноҳияи дурдасти кишвар мегардад.

Бо зикри нишондиҳандаҳои ибратбахши рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ашт ва иқдомҳои созандаи соҳибкорони пешқадами он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи нафарони дар ин корҳо саҳми намоён гузоштанд самимона изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи соҳаи саноат, ки рушди он яке аз ҳадафҳои стретагии кишвар ба шумор меравад, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки аксари онҳо ба саноати коркард рост меоянд.

Ба андешаи Президенти кишвар дар самти расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмин намудани шуғли пурмаҳсул дар вилоят имконияту захираҳои истифоданашуда ҳоло ҳам хеле зиёд мебошад.

Баъди таҳлили вазъи соҳаи саноат ва кишоварзӣ Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ба назардошти вазъи мураккабу ҳассоси ҷомеаи ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои истифодаи самараноки обу замин ва бо ҳар роҳу восита таъмин кардани амнияти озуқаворӣ дар кишвар вазифадор намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазъи барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, нигоҳдории роҳҳо ва рушди бахши энергетикаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои рушди ин соҳаҳо дар назди роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо вилоят ва вазорату идораҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарону масъулини вилоят аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои маориф, кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, бахусус, дар байни наврасону ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокдорони мулоқотро бо солгарди 33-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои созанда ҷаҳду талоши арзанда менамоянд.

Баъди суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд сокинони ноҳияи Ашт – Фирӯза Мираҳмадова – омӯзгор, Зайналобиддин Мақсудҷонов – соҳибкор, Зафар Аҳмад – собиқадори соҳаи варзиш ва Муҳаммад Халилов – собиқадори соҳаи маориф суханронӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram