РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе оид ба натиҷаҳои Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» ҳамоиш баргузор гардид

Дар Вазорати фарҳанг оид ба Ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» — и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, натиҷаҳои он 6 сентябри соли равон дар шаҳри Москва эълон гардид, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Дар ин маросим мушовири бахши Ёрдамчии Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазири фарҳанг –Сафарзода Давлат Шариф, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва ноширон иштирок доштанд.

Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Москва» баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ва сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Мирализода иштирок карданд. Озмун аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба онҳо ноширони давлатҳои ИДМ маҳсули кори хешро пешниҳод намуданд.

Ҷойи хушҳолист ки дар арафаи ҷашни миллии кишвари азизамон — Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» дар Озмуни XXI — уми байналмилалии «Санъати китоб» барандаи Шоҳҷоиза гардид.

Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино дар як муҷаллади бузурги зебову хуштарҳ ба забони модарии муаллифи он — забони нобу шевои тоҷикӣ тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик шодравон Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.

Ин ягона дастоварди ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ нест. Китобҳои дигари ноширони мо низ дар номинаҳои гуногуни Озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳои вижа шуданд.

• Ҷоий 1-уми дар номинаи «Муколамаи фарҳангҳо» китоби Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, «Гулчини ғазалиёт», нашри Муассисаи нашриявии «Ирфон»

• Ҷоий 1-уми дар номинаи «Китоб барои кӯдакону наврасон китоби «Саид Аҳмад Давлаҳмад, «Саёҳатнома», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик».

• Ҷойи дуюм дар номинаи «Кишвари ман» китоби «Ҷумҳурии Тоҷикистон», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»

• Ҷойи дуюм дар номинаи «Илм ва маориф», китоби Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ «Донишномаи мухтасари бузургони форсу тоҷик», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»

• Ҷойи дуюм дар номинаи «Китоби мусаввар» китоб-албоми «Тоҷикистон» — нашри Муассисаи нашриявии «Ирфон».

• Ҷойи сеюм дар номинаи «Санъати тазйин» китоби «Ахтарони илм», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»

• Ҷойи сеюм дар номинаи «Дар Иттиҳод чоп шудааст» китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» – нашри Муассисаи нашриявии «Ирфон»

• Ҷойи сеюм дар номинаи «Иттиҳод» китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик».

Бо дипломҳои махсуси Озмуни байналмилалии “Санъати китоб” қадр шуданд:

• Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, “Ҷоми ҷон», нашри Муассисаи нашриявии «Ирфон»,

• Муҳаммад Ғоиб, «Хандаи талх», нашри Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»

• Абулқосим Фирдавсӣ «Достонҳо аз Шоҳнома», нашри Муассисаи нашриявии «Адиб»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram