РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот кард

12 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаҳои башардӯстона, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон фиристодаи махсуси ин Созмон оид ба Афғонистон Тариқ Алӣ Бахит мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин дурнамои татбиқи иқдоми якҷояро мавриди муқокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 12-13 сентябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ зери унвони «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram