РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд

16 сентябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» Зайнура Азимӣ — муовини Раиси вилояти Суғд, Мадина Набизода — сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳайати комиссияи озмун, ҳакамон ва масъулони озмун ширкат доштанд.

Нахуст, Зайнура Азимӣ — муовини Раиси вилояти Суғд зимни баромади худ қайд намуд, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибест, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад.

Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.

Аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гардида, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст. Тайи солҳои охир озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст.

Соли ҷорӣ 1266 нафар ба даври сеюм роҳ дода шуданд, ки 1054 хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 181 донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 31 омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ ва беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Дар идома, аз ҷониби муовини Раиси вилоят ҳайати комиссияи озмун ба иштирокдорон муаррифӣ гардида, ба ҳамаи довталабон дар раванди озмун муваффақиятҳо таманно гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram