Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия (OWAO), ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиада дар чор бахш — мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва тестӣ гузаронида шуда, то 22 сентябр идома меёбад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада се хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок доранд. Инҳо Ҳусанҷон Салимов, Ҳусейн Ғуломзода ва Сайида Абдуҳамидова мебошанд.
Зимни ифтитоҳи олимпиада дар маркази Сириус дастаи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин маркази бузурги илмӣ барафрохта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Ин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ зиёд ба назар мерасад.