РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кинотеатри “Тоҷи Сомон”-и ноҳияи Темурмалик бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар робита ба истиқболи созовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳия кинотеатри “Тоҷи Сомон”-ро бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонид, ки минбаъд барои намоиши филмҳо заминаи мусоид фароҳам омад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Алоқамандону ташобинони соҳибзавқи синамои тоҷик имкон пайдо намуданд, ки филмҳои ватанию хориҷиро дар ин толори барҳавою замонавӣ дастаҷамъона бо аҳлу байти хеш тамошо намоянд.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” минбаъд дар ин толор намоиши филмҳои ватаниро ба роҳ мемонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram