19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара ба фаъолияти Муассисаи таълимии томактабии №8 ба номи “Хушбахт” расман оғоз бахшиданд.
Иншоот дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд карда шудааст.
Бинои боғча бо тарҳи миллию муосир сохта шуда, дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов нахустин муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад.
Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, раванди таълим дар он бо ҷалби 10 нафар мураббияи соҳибтахассус бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳуҷраҳои истироҳат ва машғулияти тарбиятгирандагон бо рахти хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун мутобиқ ба шавқу завқи дунёи рангини кӯдакон муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Саҳни биноро гулҳои ороишӣ зиннат дода, арғунчак ва дигар воситаҳои истироҳативу фароғатии пешбинишуда барои дӯстрӯякон ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар боғча барои дар деҳот муҳайё намудани чунин имконот ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки вусъати чунин амалҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишвар Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 –2027 тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин барнома бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.