РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини мактаби бунёдшаванда 1,57 гектарро ташкил дода, масоҳати умумии иншооти сохташаванда 8 ҳазору 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Таълимгоҳ аз 4 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар муассиса бунёди толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас доданд.

Соҳибкорони ноҳия барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram