РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” ифтитоҳ гардид

Имрӯз ба ифтихори ворид шудани “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ва бо мақсади муаррифӣ ва арҷгузорӣ ба мероси хаттии ниёгон намоиши муштараки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол, намояндаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Бахтиёрзода Алишер, директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Раҳматкарим, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфуллоҳ Мулоҷонов ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Саидолим Комилҷон роҷеъ ба таърихи омӯзиш, ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва инъикоси ҳунари тазҳибкорӣ дар осори хаттии ниёгон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Бахтиёрзода Алишер нусхаи “Сертифкат”-и аслие, ки ворид шудани “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо супорид.

Сипас, намоиши “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” расман ифтитоҳ гардида, аз ҷониби масъулини намоиш ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ зиёда аз 30 адад намунаҳои гуногуни китобҳои нодири дастнавис, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, забониву адабӣ, сарфу наҳв ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар намоиш нусхаҳои дастнависе интихоб шудаанд, ки дорои нақшҳои тазҳибкоришуда мебошанд. Дар ин нусхаҳо ороишот дар шаклҳои кунҷӣ, марказӣ, чиликӣ ва доиравӣ тасвир ёфтаанд. Дар намоиш нусхаҳо аз рӯйи даврабандии таърихӣ ва навъи ороишот ҷобаҷогузорӣ шуда, нахуст аз дастнависҳое, ки бо оби тилло зарҳалкорӣ шудаанд, оғоз меёбад.

Намоиш “Инъикоси ҳунари тазҳиб дар осори хаттии ниёгон” то 10.10.2024 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram